image

Истиқболи ғолибон ва ҷоизадорони Чемпионати Осиё оид ба гӯштини ҷудо байни наврасон ва ҷавонон дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе

date_range22.11.2023, 11:29 chat_bubble_outline0 remove_red_eye289

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ғолибон ва ширкатдорони Чемпионати Осиё оид ба гӯштини ҷудо байни наврасон ва ҷавононро намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи ҷудо, масъулини Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов ва волидону мураббиён истиқбол гирифтанд.

Ҷойи таъкид аст, ки Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон дар шаҳри Тошканд анҷом ёфт. Ҷудокорони навраси тоҷик дар ин мусобиқа ба гирифтани 3 нишони тилло ва ҷудокорони ҷавон ба гирифтани 2 нишони нуқра ва 2 нишони биринҷӣ мушарраф гардиданд. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов низ дар ин сабқат фаъолона иштирок намуда, бо гирифтани медалҳои тилову нуқраи ин сабқати минтақавӣ ба Ватан баргарштанд, ки Абубакр Шеров аз ҷумлаи онҳост.

Ҷудокорони кишвар талош доранд, ки бо касби чунин дастовардҳо оянда низ Парчами кишвари моро дар расаи ҷаҳон парафшон намоянд. Зеро дар мамлакат ба рушди ин намудаи варзиш таваҷҷуҳ зиёд буда, шароиту имконияти мусоид низ фароҳам шудааст.

Нурализода Ғунчагул
"ТВ Душанбе"