image

Намоиши асарҳои Пешвои миллат

date_range22.11.2023, 15:41 chat_bubble_outline0 remove_red_eye443

Бо ибтикори Муассисаи нашриявии «Ирфон» дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати адлияи Ҷумхурии Тоҷикистон дар саҳни бинои такмили ихтисоси Вазорати адлия як силсила китобҳои тозанашри сиёсию оммавӣ, аз ҷумла 22 ҷилди силсиламаҷмӯаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат" бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, ки айни замон аз ҷилди 11 то 22 бо забони русӣ ва аз ҷилди 13 то 22 бо забони тоҷикӣ нашр шудаанд, ба намоиш-фурӯш гузоштанд.

Дар ин макон иштирокдорон, ки аз ҷониби роҳбарият ва кормандони зерсохторҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд бо як рӯҳияи болида китобҳои Пешвои миллатро харид менамуданд.

Маврид ба зикр аст, ки мазмуну муҳтавои асарҳои Пешвои миллат хотирнишон аз он мекунанд, ки ҳар насл ва ҳар фарди алоҳида занҷирае дар таърихи башарият аст, ки тавассути мавҷудияти хеш гузаштаро бо оянда мепайвандад. Пешвои миллат бо мақсади баҳо додан ва огоҳ намудани насли наврас ба гузаштаи худ ба навиштани як зумра асарҳои таърихӣ иқдом намудаанд, ки онҳо арзиши баланди таърихӣ дошта, саҳифаи навро дар илми тоҷик кушодааст.

Ҳамзамон дар идома масъулини соҳа баргузории намоиш-фурӯши чунин китобҳоро амри зарурӣ дониста, таъкид намуданд, ки ин асарҳо хонандаро баҳри огоҳ будан аз таъриху тамаддуни хеш роҳнамоӣ мекунад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"