image

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШ ТАҲТИ УНВОНИ “ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ ДАР ПОЙТАХТ

date_range23.11.2023, 10:06 chat_bubble_outline0 remove_red_eye236
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони “Душанбе - қалби Тоҷикистони соҳибистиқлол” баргузор гардид. Дар он муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, сардабирони 35 нашрияи даврии маҳаллии Тоҷикистон, роҳбарони раёсати идораҳои мақомот ва дигарон ширкат намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода намояндагони ҷомеаи журналистии мамлакатро ба пойтахти мамлакат хайрамақдам гуфта, доир ба дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию меъмории Душанбе маълумот дод.
Корвони журналистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон доир шуда, дар доираи он рӯзноманигорони шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо маконҳои таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ ва дастовардҳои шаҳри Душанбе ошно гардиданд.