ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН, ТОҶИКИСТОН!!!
23 ноябр дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарону мутахассисони раёсату шуъбаҳо ва дигарон ширкат доштанд.
Баъд аз садо додани Суруди Миллӣ, ҳозирин барнома бобати Парчами давлатӣ, нақш ва манзалати он дар давлатдории миллиро тамошо карда, таассуроти хеле воло бардоштанд.
Сипас мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуалим Норасов баромад намуда қайд намуданд, ки миллати сарбаланди тоҷик беш аз ҷаҳор ҳазор қабл соҳиби парчам буд ва онро ҳамчун рамзи садоқату рафоқат, шаъну шараф ва таҷассумгари ифтихору ору номус эҳтиром менамуд ва дар тӯли таърих зери парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоят кард.
Парчами миллӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ маҳсуб ёфта, тавассути он истиқлолияти давлатӣ муайян ва муаррифӣ мегардад.
Дар охир ҳозирин фикру андешаҳои хешро роҷеъ ба муқаддас нигоҳ даштани Парчами давлатӣ баён намуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ