Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ чорабинии тантанавӣ доир шуд
Парчам барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузорад. Ба ин хотир дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ чорабинии тантанавӣ доир шуд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти ноҳия, кормандони дастгоҳи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томакатбӣ иштирок намуданд.
Зимни маҷлиси тантанвӣ масъулини ноҳияи Исмоили Сомонӣ изҳор дошт, ки парчами озодӣ ва соҳибдавлатии халқи тоҷик дар Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва баъдан, 24 ноябри соли 2009 Рӯзи Парчами давлатӣ эълон шуд, ки имсол ба ин санаи муҳим даҳ сол пур мешавад.
Дар охири чорабинӣ барномаи фарҳангӣ низ пешниҳоди аҳли толор гардонида шуд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ