image

Дар Раёсати тандурустӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид

date_range23.11.2023, 11:48 chat_bubble_outline0 remove_red_eye363

Бо ташаббуси Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон ва роҳбарияти Раёсат, инчунин табибони пойтахт ҳамоиш баргузор гардид. Ширкатдорон бо арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, рамзҳои давлатӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги ниёгони бузурги халқи тоҷик бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

Маликшо Неъматзода раиси Федератсияи итифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикитстон дар чорабинӣ таъкид дошт, ки оини парчамдориву парчамбардории миллати сарбаланди тоҷик таърихи куҳан дошта, гузаштагони арҷманди мо ҳазорсолаҳо зери Парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоят кардаанд.

Меҳмони дигари чорабинӣ -раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода зимни баромади худ афзуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишона аз таърихи халқи тоҷик, иттиҳоду сарҷамии мо, дӯстию бародарии ҳамаи сокини мамлакатамон мебошад. Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмию иттиҳоди халқу миллатҳои сокини ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо баҳри озодӣ шинохта мешавад.

Ба таъкиди Муҳаммад Ғоиб, шоири халқии Тоҷикистон дар Парчами давлатии Тоҷикистон нишонаҳои муҳимму арзишманди фарҳанги миллати тоҷик, роҳи таърихии тай кардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи мустақилият инъикос меёбанд.

Дар идомаи ҳамоиши идонаи табибони пойтахт аз ҷониби Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба меҳмонони маҳфил сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раёсат дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"