image

Дар шаҳри Душанбе «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» баргузор гардид

date_range28.11.2023, 09:58 chat_bubble_outline0 remove_red_eye373

Бо ташабусси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо дигар кумитаву идораҳои дахлор дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» баргузор гардид, ки дар он кишоварзони мамлакат навъҳои ин маҳсулотро бо нархи нисбатан арзон ба фурӯш бароварданд.

Дар фестивал 400 тонна картошка барои фурӯш ба сокинон пешниҳод гардид. Маврид ба ёдоварист, ки дар баробари кишоварзони манотиқи кишвар бо пешниҳоди ҳосили ҷамъомавришудаи картошка, ҳамзамон, аз ҷониби занону бонувони ҳунарманд хони хуриш ва таомҳои аз картошка тайёр шударо ба намоиш гузоштанд.

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиëзода фестивалро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки «Тоҷикистон бо натиҷагири аз соли 2022 1 млн 20 ҳазор тонна картошка истеҳсол намуд. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, имсол истеҳсоли картошка ба 1 млн 150 ҳазор тонна мерасад, ки он ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат таъсири мусбат мерасонад».

Мавсуф таъкид намуд, ки дар ҷамъбасти даҳмоҳаи соли 2023 саҳми кишоварзони мамлакат дар ММД 25 фоизро ташкил медиҳад. Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 55 ҳазору 527 гектар картошка кишт шуд. То 1 ноябри соли равон 989 ҳазору 782 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 50 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар баробари ба намоиш гузоштани картошка ва бо нархҳои қобили қабул фурӯхтани ин маҳсулот инчунин баргузории он метавонад ба муаррифии имкониятҳои сайёҳиву кишоварзӣ ва рушди агротуризм дар кишвар мусоидати ҷиддӣ намояд. Зеро агротуризм дар Тоҷикистон ҳанӯз шакли нав ва муосири сайёҳӣ буда, таваҷҷуҳ ба ин навъи сайёҳӣ афзудааст. Зеро меваҳои шаҳдбори диёр ва маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон, метавонад, таваҷӯҳи сайёҳонро ба кишвар бештар намояд.

Маврид ба зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли дуюм аст, ки «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» дар сатҳи баланди ташкилӣ доир мегардад.

Дар фарҷоми Фестивал аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат ба беҳтарин кишварзони шаҳру ноҳияҳи кишвар ҷиҳати ширкати фаъолона дар фестивал, дастовардҳои баланди истеҳсолӣ дар кишту парвариши картошка ва саҳми назаррас гузоштан дар рушди соҳа бо диплом ва туҳфаҳои хотирави супорида шуд. 

Саодат Тоирӣ

"ТВ Душанбе"