image

БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ “ҲАЁТ БЕ ЗӮРОВАРӢ ЗЕБОСТ” ДАР ПОЙТАХТ

date_range28.11.2023, 17:13 chat_bubble_outline0 remove_red_eye322
ш.Душанбе. 28.11.2023. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои банди 17-и “Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе “Оид ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №294 “Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 июни соли 2014, №269 тасдиқ гардидааст, дар Боғи Куруши Кабир дар доираи чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба амалиёти “16-рӯзи мубориза алайҳи хушунати гендерӣ” оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, муносибати эҳтиромона, бехатар ва рафоқати инсонӣ, барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ва аксияи тарғиботиро таҳти унвони “Ҳаёт бе зӯроварӣ зебост!” миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа доир намуд.
Сараввал муовини Раиси шаҳри Душанбе-Одилзода Дилбар Раҳим чорабиниро ифтитоҳ намуд.
Сипас сухан ба Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон дода шуд.
Аз ҷониби баромадкунандагон қайд гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар он ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон тибқи конститутсия ва дигар қонунҳои миллӣ, алалхусус санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ кафолат дода мешаванд.
Аз ин ҷо, кишвари мо дар партави барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуда, дар ин росто пеш аз ҳама ба масълаҳои баробарҳуқуқии мардон ва занон, таъмини зиндагии арзанда ва рушди бемайлони кӯакон дар муҳити оилаи солим ва инкишофи равониву ҷисмонии онҳо, ки танҳо дар фазои солими бе хушунат ба даст меоянд, мунтазам чораандешӣ менамояд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи нерӯи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии зан - модар вобаста аст”.
Маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза бар зидди хушунат» дар тамоми кишварҳо бо Қарори махсуси Созмони Милали Муттаҳид шурӯъ аз соли 1981 ҳар сол 25 ноябр оғоз гардида, 10 декабр анҷом меёбад. Дар Тоҷикистон, низ ҳамасола ҳамчун “16-рӯзи мубориза алайҳи хушунати гендерӣ” роҳандозӣ гардида дар доираи он чорабиниҳои оммавӣ-иттилоотӣ ва тарғиботӣ-ташвиқотӣ миёни сокинони пойтахт доир карда мешавад.
Мақсади баргузории чунин чорабиниҳои оммавӣ ин пешгирии зӯроварӣ дар оила, таъмини сиёсати самараноки гендерӣ дар кишвар, роҳ надодан ба зӯроварию табъиз дар муносибатҳои оилавӣ, ташаккули низоми созандаи муносибатҳо дар он, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шахс ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии аъзои ҷомеа маҳсуб меёбад.
Хушунат зулми мудовим аст, ки пайваста инсонро зери панҷаи бераҳмонаи худ гирифта, яке нисбати дигаре онро амалӣ месозад. Дар оилае, ки зулму хушунат аст, дар он ҷо аз хушбахтӣ асар намемонад. Бадбахтӣ дар он аст, ки агар зулм ба як нафар дода шавад, ранҷи ӯро тамоми аъзои оила мекашанд.
Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардида, дар он беҳтарин арзишҳои инсонӣ чун муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ ташаккул меёбанд. Аз ин ҷо оила ба ҳаёти ҷомеа тавассути таваллуду тарбияи кӯдак, ташкили рӯзгори осудаву солим, шароити мусоиди зиндагӣ ва ҳастӣ, рушди ҷисмонию равонӣ ва маънавӣ пайванди ногусастанӣ дошта, баҳри ҳифз намудани арзишҳои он пеш аз ҳама муносибати дар доираи принсипҳои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми тарафайн, нигоҳ доштани шаъну шараф ва эътибори ҳамдигарӣ муҳим ва ҳалкунанда мебошанд.
Дар ин асно мо бо такя ба фарҳангу тамаддуни ғановатманди хеш, ҳамеша зуроварӣ ва хушунатро дар оила ва ҷомеа маҳкум менамоем ва барои бартарафу решакан намудани он шуморо низ даъват менамоем. Шиори мо дар ин ҷода - “Ҳаёт бе зуроварӣ зебост”!
Дар рафти барномаи фарҳангӣ бо мақсади огоҳонидани ҷавонон ва муайян намудани нигоҳу мавқеи онҳо оид ба зӯроварӣ ва кирдорҳои номатлуб дар оила ва ҷомеа саволу ҷавоб ба роҳ монда шуда, иштирокчиёни фаъол бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд, дар фарҷом дастагули суруду таронаҳои дилнишини Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодоҳо”-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба чорабинӣ ҳусну таровати тоза зам намуд.