Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ҷараён дорад
Дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ҷараён дорад дар ин давр ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ байни ҳам сабқат доранд.
Аз санаи 24-уми моҳи равон то инҷониб дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» бо муваффақият ҷараён дорад. Мавриди қайд аст, ки озмуни мазкур соли аввал аст, ки бо иқдом ва сарпарастии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пурраю даққиқ омӯхтани таърихи пурарзиши ниёгонамон ва ба истиқболи 115 солагии аллома Бобоҷон Ғафуров роҳандозӣ гардидааст. Бояд зикр намуд, ки соли равон озмуни мазкур аз рӯи синну сол дар ду гуруҳ яъне хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва донишҷуёни макотиби миёнаи касбӣ ва олӣ дар як гуруҳ ва ашхоси касбу кори мухталиф дар гуруҳи дуюм дар назди ҳакамон донишу маҳорати хешро ҳаматарафа месанҷанд.
Ба озмуни мазкур донишҷӯён низ бо тайёрии ҷиддӣ ҳозир шудаанд. Чун омодагии ҳамаҷониба дидаанд ба суолҳои ҳайати ҳакамон низ посухҳои дурст ва саҳеҳ доданд.
Мавриди тазаккур аст, ки озмуни мазкур ба таври шаффоф ва дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷараён гирифта, дар он 115 нафар довталаб аз тамоми манотиқи кишвар донишу маҳорати хешро дар назди аъзои ҳакамон нишон медиҳанд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ