image

Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ҷаласаи маърифатӣ-иттилоотӣ доир гардид

date_range29.11.2023, 11:17 chat_bubble_outline0 remove_red_eye338

Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар беҳдошти муҳити зист нақши муҳим дорад. Фаъолияти ниҳод дар давраи ҳисоботӣ бо баргузории ҷаласаи маърифатӣ - иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа роҳбарият, намояндагони бахшҳои Сарраёсат ва намояндагони ВАО ҳузур доштанд.

Лоиқ Раҳмонзода, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе гуфт, дар давраи ҳисоботӣ Сарраёсат вобаста ба дастуру супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри беҳтар намудани вазъи экологӣ ва баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ як қатор чорабиниҳоро роҳандозӣ намуд. Қайд карда шуд, ки дар 9 моҳи соли 2023 аксияҳои тозагии соҳил, маҳал ва роҳҳои автомобилгард роҳандозӣ гардид.

Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологии шаҳраку маҳаллаҳо дар давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт 94 маротиба аксияи “Тозагии маҳал”, 35 маротиба дар ҳудуди роҳҳо аксияи “Тозагии роҳ”, 60 маротиба аксияи “Тозагии соҳил” доир карда шуд. Дар ҷараёни ҷаласа ҷиҳати пешбурд ва самаранокии фаъолият миёни рӯзноманигорон ва намояндагон муболидаи афкор сурат гирифт, ки ҳар нафар бо суханронӣ таклифу пешниҳодоти худро риоя намуд.

Дар фарҷоми ҷаласаи маърифатӣ – иттилоотӣ фаъолият журналистон барои саҳми босазо дар амалишавии барномаи давлатии экологӣ, тарғиби ғояҳои донишҳои экологӣ, баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги шаҳрнишинӣ ва ғолибият дар озмуни «Муҳити солим – омили озодагии ҷомеа» бо ифтихорномаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуд.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"