Истиқболи Фаррух Ҳасанов, ғолиби озмуни «Ну-ка, все вместе!» дар Тоҷикистон
Сарояндаи 25-солаи тоҷик Фаррух Ҳасанов дар 5-умин мавсими ҷашнии озмуни «Ну-ка, все вместе!» («Биёед, ҳама якҷоя!»)-и шабакаи телевизионии «Россия-1»-и Федератсияи Русия, ки санаи 24-уми ноябр аз тариқи ин шабака пахш гардид, ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Шоми 28-уми ноябр овозхони тоҷик пас аз ғолибият ба Ватан баргашт ва дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро дӯстону наздикон ва дигар масъулин пешвоз гирифтанд.
"Биёед, ҳама якҷоя!" - лоиҳа-озмуни шабакаи телевизионии “Россия 1” мебошад, ки соли 2018 оғоз гардид ва имсол 5-уми фасли он доир гашт. Дар ҳар як нашри он 8 нафар иштирокчӣ суруд иҷро мекунанд. Ҳайати ҳакамони лоиҳа-озмуни “Биёед ҳама якҷоя” аз 100 нафар ситораҳои дурахшони санъату ҳунари Федератсияи Русия ва дигар кишварҳо иборат мебошад, ки сарҳаками он Сергей Лазарев мебошад. Соли равон дар нашри 7-уми фасли 5-уми ин лоиҳаи телевизиони овозхони тоҷик Фаррух Ҳасанов иштирок намуда, бо иҷрои сурудҳои ҷаззоб тавонист, ки диққати аъзои ҳакамонро ба худ ҷалб намояд ва ҳамин гуна то фнали озмун роҳ ёфт. Дар финал Фаррух Ҳасанов бо ду рақиби худ Азат Раҳимбирдиев аз Ҷумҳурии Қиғизистон ва Софико Кардава аз Федератсияи Русия ҳунарнамоӣ намуда, бо иҷрои суруди “Гуфтугу бо моҳтоб” тавонист, ки 98 аъзои ҳакамонро аз ҷо бархезонад ва ҳамин гуна сазовори шоҳҷоиза озмун гардад.
Ҳамин гуна бо танини садои карнаю сурнай роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳуруии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши наздли Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташрифи мувафаққонаи Фаррух Ҳасанов ба Ватан истиқбол гирифтанд.
Саҳни майдони фурудгоҳ пур аз мухлисону дӯстону наздикони Фаррух буд. Ва ҳамагӣ ӯро бо чеҳраи шоду болида ва садои карнаю сурнай пешвоз гирифтанд. Ӯ хушҳол аз он аст, ки дар кишвари зебоямон баҳри ҷавонону навраосн тамоми шароитҳо муҳайёс. То андозае, ки метавонад як ҷавон аз тоҷиу будани худ дарак бидиҳаду дар озмунҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ширкат варзад. Пас аз истиқболи самимӣ Фаррух Ҳасанов ба Телевизиони Тоҷикистон даъват гардид ва дар барномаи фарҳангиву фароғатии «Насли Истиқлол» ширкат намуд. Дар ин барномаи ӯ аз роҳ ёфтан ба лоиҳа-озмуни «Биёед ҳама якҷоя» ҳарф зад ва ҳамчунин аз он низ гуфт, кич ӣ тавр тавонист аъзои ҳакамонро бос адову суруди худ мафтун намуд. «Ман бо ин дастовард бори дигар исбот намудам, ки мардуми тоҷик дар ҳақиқат соҳиби фарҳангу маърифати баланд ва маҳорату истеъдоди хосса мебошанд», -гуфт ӯ дар суҳбати телевизионии худ.
Фаррух Ҳасанов 20 июли соли 1998 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ ҳамчун овозхон нахустин маротиба дар пайи роҳ ёфтанаш ба финали озмуни «Central Asia Got Talent» муаррифӣ шуда, маъруф гардид. Ба лоиҳа-озмуни “Биёед ҳама якҷоя” бо талошу ва пешниҳоди устодаш сарояндаи машҳур Зафар Абдуалимов иштирок намудааст. Фаррух Ҳасанов ҳамзамон соли 2022 сазовори ҷоизаи озмуни миллии «Tarona Music Award» гардидааст.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ