image

“Масъалаҳои рушди соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасии ин мавзӯ дар Маркази тадқиқоти стратегӣ

date_range30.11.2023, 10:23 chat_bubble_outline0 remove_red_eye266

Рушди соҳибкории инноватсионӣ дар кишвар - замина ва мушкилот”, “Инфрасохтори рушди соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Мушкилоти андозбандии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли он”, “Тадбирҳои рушди соҳибкорӣ дар кишвар ва дастовардҳо дар ин самт” “Вазъи ихтирокорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар мизи гирди Маракази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони “Масъалаҳои рушди соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз тарафи намояндаҳои вазорату ташкилотҳо, олимон кормандони соҳа, соҳибкорон мавриди баҳс қарор дода шуда дар ин хусус назарҳои гуногун ва ҷолибу ҳадафманд баён гардиданд. Ҳадафи ҳамоиш таҳилиу арзёбии масъалаҳои рушди фаъолияти соҳибкории инноватсионӣ дар кишвар дониста шуд.

Дар мизи гирд вобаста ба ин соҳаи муҳим, таҳлили арзёбии вазъи соҳибкории инноватсионӣ дар кишвар, мушкилоту масъалаҳои рушди соҳибкорӣ аз рӯи соҳаҳои фаъолият, дастрасии соҳибкории инноватсионӣ ба захираҳо ва қарзҳои имтиёзнок, раванди ихтирокорӣ дар самти илмҳои дақиқ ва техникӣ, тамоюҳои афзоиши ҳаҷми маҳсулот тавассути инноватсия, арзёбии низоми андозбандӣ барои рушди соҳибкории инноватсионӣ, дарёфти роҳҳои имконпазири рушди минбаъдаи соҳибкории инноватсионӣ аз ҷониби баромадкунандаҳои андешаҳои муҳим ва созанда баён шуданд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"