image

Тақвияти тадбирҳои иттилоотонӣ миёни донишҷӯён

date_range30.11.2023, 11:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye237

Ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва танзими фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов бо чорабинии тарғиботӣ фаҳмонида шуд.

Тақвияти ҳисси меҳанпарастӣ, тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ, рисолати шаҳрвандӣ ва дигар омилҳои худогоҳӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳо дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов бо иштироки намояндагони мақомти иҷроияи шаҳри Душанбе, сохторҳои қудратӣ ва масъулини кумитаи ҷавонон ва варзиш баррасӣ гардид.

Бо мақсади омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аҳамият ва афзалияти он дар замони рӯ ба рушд ва зуҳури падидаҳои манфии таъсиррасон чун омили самарабахш талқин карда шуд. Дар ин замина зикр гардид, ки бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, раванди иҷрои он бо иштироки фаъоли ҷомеа татбиқ мегарданд.

Дар чорабинӣ атрофи масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, тақлиди фарҳанги бегона, аз ҷумла баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва аҳамияти хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагӣ маърӯза карда шуд.

Таъкид карда шуд, ки муҳтавои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” дар тафаккури шаҳрвандон тарбияи дарки бошууронаи хизмати фидокорона ба Ватан, муҳаббат ба кишвари маҳбуб, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, риояи қонун ва ахлоқи ҳамида маҳсуб меёбад.

Дар чорабинӣ аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҳифзу ҳимояи арзишҳои фарҳангиву миллӣ, пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва гулгулшукуфии Тоҷикистон бо зиракии сиёсӣ ва марому ифтихори маҳанпарварӣ фаъолияти самаранок намоянд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"