image

«Ба муқобили омилҳои номатлуб якҷоя мубориза мебарем»-таҳти ин унвон бо хонандагони МТМУ №89 мулоқот доир шуд

date_range30.11.2023, 11:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye400

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Хадамоти пешгирии ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 89-и ноҳияи Сино мулоқот доир шуд.

«Ба муқобили омилҳои номатлуб якҷоя мубориза мебарем»-таҳти ҳамин унвон дар доираи нақшаи чорабиниҳои якҷоя бо иштироки роҳбарияти Хадамоти пешгирии ҷинояткории ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва масъулини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо ҳайати омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вобаста ба масоили марбут ба ҳамкориҳои тарафайни мақомоти ҳифзи ҳуқуқу маориф ва оила баргузор гардид.

Баромадкунандагон, атрофи масоили пешгирии ҳолатҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муноқишаҳои байнимактабӣ, авбошии ноболиғон ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ноболиғон ибрози андеша намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ давоми се соли охир ба як қатор дастовардҳо, аз ҷумла дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии пайвастаи хонандагону омӯзгорон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сохтмону муҷаҳҳазгардони муассисаҳои нави таълимӣ, муҳайё гардидани шароити арзанда дар самти таълиму тарбия, ташкилу баргузории озмуну олимпиадаҳо, ҷалби ҳар чи бештари хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо, рушди ҳаракати олимпӣ вағолибият ва нишон додани натиҷаи назаррас аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ноил гардидаанд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"