image

Плениуми 3-юми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Шоҳмансур доир гардид

date_range30.11.2023, 11:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye287

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур Пленуми 3-уми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия бо иштироки васеи собиқадорон доир гардид.

Зимни чорабинии навбатӣ раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар Пленуми 3-юми Шӯро Оиди рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷашн грифтани 35-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки аз 29 ноябри соли 2022 тасдиқ гардидааст маърӯза карда, зикр доштанд, ки Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Шоҳмансур дар асоси дастур ва хидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Вазифаи асосии Шӯрои собиқадорон ин пеш аз ҳама дар асоси оинаномаи Собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои шаҳри Душанбе ғамхорӣ намудан ба собиқадорони ҷангу меҳнат, пирионсолон, нафақахӯрони гуногун мебошад.

Ҳамзамон дар идома қайд гардид, ки Шӯрои собиқдорони ҷангу меҳнати ноҳияи Шоҳмансур дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии ноҳия фаъолона иштирок менамояд. Дар асоси нақшаи кори Шӯро "Дар бораи тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбҳои бегона дар ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур вохӯриҳо бо фаъолони ноҳия, ҷавонон, донишҷӯён, раисони ташкилоти ибтидоии Шӯро, собиқадорони иштирокчиёни башардӯстонаи Афғонистон ва иштирокчиёни бартараф намудани садамаи Чернобил ҳамоишҳо баргузор мегардонад.

Дар идома ҳисоботи раисони ташкилотҳои ибтидоии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бобати иштирок дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангию сиёсӣ дар ноҳия шунида шуд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душа
нбе"