image

«Ислоҳотҳо дар самти дастгирии соҳикборӣ» таҳти ин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд

date_range30.11.2023, 15:29 chat_bubble_outline0 remove_red_eye321

30-юми ноябр дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади рушди бахши хусусӣ тавассути беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ислоҳотҳо дар самти дастгирии соҳикборӣ» ҳамоиш доир гашт.

Дар кори ҳамоиши Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз зери унвони «Ислоҳотҳо дар самти дастгирии соҳикборӣ» намояндагони вазортау идораҳои дахлдор, шарикони рушд, ассотсиатсияҳои соҳибкорон, бахши хусусӣ, коршиносони сатҳи миллию минтақавӣ ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Чорабиниро роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд. Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар самтҳо соҳаи соҳибкориро ҳамчун самти афзалиятноки иқтисодию иҷтимоӣ ва асоси муваффақият қарор додааст, ки татбиқи дастуру самараноки он ҳамарӯза иқдомҳои созандаву дурбинонаро амалӣ менамояд.

Дар кори ҳамоиш маърузачиён дар мавзӯҳои гуногун аз ҷумла «Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ барои солҳои 2023-2027», рӯнамоӣ оид ба ислотҳотҳои соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва самти низоми иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ, ташаккул ва рушди соҳикбории Тоҷикистон баромад карданд.

Ҳамзамон дар идомаи кори ҳамоиш намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон, намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон, Роҳбари Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, намояндаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари намояндагонии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ «Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ барои солҳои 2023-2027» муаррифӣ шуда, оид ба ислоҳотҳои соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва самти низоми иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ ва оид ба дастгирии соҳикбории ҷавонон маърӯза шунида шуд.

Дар фарҷоми ҳамоиш ҷиҳати мусоид намудани фазои соҳикбориву сармоягузорӣ миёни иштирокчиёни чорабинӣ мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб сурат гирифт.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"