image

Баргузории чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон

date_range01.12.2023, 09:25 chat_bubble_outline0 remove_red_eye322

Дар пойтахти мамлакат ба маъюбону ниёзмандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар баробари тадбирҳои дигари иҷтимоӣ барои болидахотирии ин табақаи ҷомеа мунтазам ҳамоишу чорабиниҳои маърифатӣ ташкилу баргузор мегардад. Ин навбат дар тарабахонаи «PREMIUM - Душанбе» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон, ки ҳамасола 3 декабр дар сартосари ҷаҳон таҷлил мегардад, чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор шуд.

Дар ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон, директори Китобхонаи миллӣ Файзализода Ҷумахон, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон, хонандагони фаъоли шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ ва намояндагони расонаҳои кишвар иштирок намуданд.

Дар маросими ифтитоҳии чорабинӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарияти "Китобхонаи миллӣ", намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе суханронӣ карданд.

Бояд гуфт, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Дар чорабинӣ ба ширкатдорон тӯҳфаҳо тақдим карда шуданд. Ҳамзамон аз ҷониби масъулин ба шарикони чорабинӣ барои ҳамкории судманд сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Зимнан, тибқи накшаи чорабинии ташаббускорон дар бахши фарҳангӣ-фароғатии он ҳунармандони Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ва ситораҳои эстрадаи тоҷик баромад намуданд. Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар тамоми дунё 3 декабр Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил мегардад.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"