image

Баррасии бемориҳои ғайрисироятӣ дар ҳамоиши илмӣ

date_range01.12.2023, 10:13 chat_bubble_outline0 remove_red_eye347

«Равишҳои инноватсионӣ дар пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ. Консепсияи кам кардани зарари омилҳои хатар. Таҷрибаи мамлакатҳои дигар» зери чунин унвонон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҷаласаи коршиносон доир карда шуд. Дар ҷаласаи навбатӣ доираи васеи олимону табибони варзидаи дохилию хориҷӣ, аз ҷумла, аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Тоҷикстон, Лаҳистон, Қазоқистон ва давлатҳои дигар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки фаъолияти илмиву навоварӣ яке аз меъёрҳои асосии муайян намудани дараҷаи рушду инкишофи муассисаҳои олии касбӣ маҳсуб меёбад. Маҳз, бо назардошти ҳамин омил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ ва дар амалияи клиникӣ татбиқ намудани дастовардҳои муҳимтарини олимон ҳамеша дар маркази диққати роҳбарият қарор дорад. Ин аст, ки таваҷҷуҳи устодони таълимгоҳ сол аз сол ба таҳқиқи самтҳои гуногуни илми тиб бештар гашта, шумораи тадқикочиёну пажӯҳишгарон торафт меафзояд. Ташкил ва гузаронидан бо иштироки доираи васеи олимону табибони варзидаи дохилию хориҷӣ далели густариш додани равобити илмию амалии олимони ватанӣ ва хориҷи дуру наздик мебошад.

Дар конференсияи навбатӣ, ки дар ин донишгоҳи бонуфузи кишвар бо иштироки васеи олимону табибони варзидаи дохилию хориҷӣ, доир карда шуд, аз ҷониби иштирокдорон маърӯзаҳои судманд пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.

Дар ҷаласаи коршиносон «Равишҳои инноватсионӣ дар пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ. Консепсияи кам кардани зарари омилҳои хатар. Таҷрибаи мамлакатҳои дигар» масъалаҳои консепсияи пасткунии усулҳои самараноки пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои ғайрисироятӣ, вусъат додани имконияти пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, муайян намудани мавқеи табибон ва беморон дар ташкил намудани тарзи ҳаёти солим, суиистеъмол аз беморӣ ва фармакотерапия, пешгирии вобастагӣ ва ҳолати равонӣ, таҷрибаи ҷумҳуриҳои мухталиф дар пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои ғайрисироятӣ, ҳифзи саломатии репродуктивӣ ва банақшагирии оила, мавқеи хӯроки ғизонок дар нигоҳ доштани солимӣ, омӯзиши лоиҳа ва барномаҳои консепсияи паст кардани зарари омилҳои хатар ва ғайра мавриди баррасӣ ва баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ҳадафи баргузории ҷаласаи мазкурро масъулин ин ба вуҷуд овардани шароити мусоиди баҳсу мунозираҳои созандаи илмӣ бо олимону табибон ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои озод ҷиҳати барқарор намудани робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо пешрафтатарин муассиҳои таълимию табобатии хориҷи дуру наздик ва ворид намудани дастовардҳои тибби муосир ба амалияи тиб маънидод намуданд.

Дар хотимаи ҷаласаи коршиносон хулоса ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд, ки он барои ворид намудани дастовардҳои муосири олимони ҷаҳонӣ ва ватанӣ дар пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои ғайрисироятӣ, паст кардани зарари омилҳои хавф ва пешрафти соҳаи тандурустӣ ва солимгардонии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"