image

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон дар “Мактаб-интернати №3 барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта”-и шаҳри Душанбе бозиҳои варзишӣ гузаронида шуд

date_range01.12.2023, 10:24 chat_bubble_outline0 remove_red_eye394

Дар Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосии “Мактаб-интернати №3 барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта”-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон бо иштироки масъули Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва намояндагони муассисаҳои дорои имконияти маҳдуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бозиҳои варзишӣ гузаронида шуд.

Бояд гуфт, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ то имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Бозиҳои варзишӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи варзиш дар миёни шахсони маъюб ва нишон додани қобилиятҳои варзишии шахсони дорои маъюбият ба ҳисоб рафта то 30 ноябри соли 2023 идома меёбад. Ғолибон медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар тамоми дунё 3 декабр Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил мегардад. Ҳадафи он — мусоидат ба ҳуқуқҳои маъюбон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи кулли ҷомеа ба мушкилоти маъюбон мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки чорабинии навбати бо дастгирии ташкилоти ҷамъиятии “Олимпиадаи махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"