image

«Фармони тақдирсоз ва саҳми Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» таҳти ин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд

date_range04.12.2023, 14:52 chat_bubble_outline0 remove_red_eye256

Аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Фармони тақдирсоз ва саҳми Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» бахшида ба солгарди амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» бо иштирок ва суханронии намояндаҳои вазорату кумита ва идораҳои дахлдори ҳукуматӣ, ходимони ҷамъиятӣ занону бонувони пашсаф ва саҳмгузор баргузор шуд.

Дар чорабинӣ зикр гардид, ки ҳоло дар 20 мақомоти марказӣ ва 16 мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳайати кормандон аз ҳисоби занон 30 фоизро ташкил медиҳад.

Инчунин зикр шуд, ки саҳми занон аз ҳама бештар дар соҳаи маорифи кишвар ва тандурустӣ назаррас буда ба ҷуз аз ин дар дигар самту соҳаҳои дигар низ саҳми занон чашмрас аст, ки ин ҳама аз таваҷҷуҳ ва пуштибонии давлату ҳукумати кишвар нисбати занону бонувон дарак медиҳад ва натиҷаҳои мусбати фаъолияти бонувони имрӯз гувоҳи садокатмандона кор намудани онҳоро нишон медиҳад.

Аз ин рӯ Кумитаи кор бо занон барои амалии ҳадафҳои стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ба 30 фоиз расонидани теъдоди хизматчиёни давлатӣ ва ба 25 фоиз расонидани теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон дар заминаи барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2022-2023 озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давалтӣ аз ҳисоби занон»-ро баргузор намуд, ки дар он 211 нафар хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтӣ ва худидоракунии шаҳрак деҳот аз ҳисоби занон иштирок намуданд ва ба даври ҷамъбастии озмун 77 нафар роҳ ёфтанд. Дар даври ниҳоӣ 27 нафар хизматчиёни давалӣ ғолиб дониста шудаанд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"