Қадрдонии ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар ДМТ
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ва ғалабаи донишҷӯёни донишгоҳи мазкур дар Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» таҳти унвони ““Тоҷикон” – шиносномаи миллат” ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш меҳмонон аз сохторҳои илмию фарҳангии ҷумҳурӣ, аз ҷумала намояндагони АМИТ, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва Иттифоқи нависандагон, ҳамзамон устодону кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.
Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни суханронӣ таъкид дошт, ки китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров, ки дар асоси сарчашмаҳои муътамади таърихӣ ва адабиёти дохиливу хориҷӣ таълиф гардидааст, таърихи бою пурғановати моро дар чор марҳила: қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав инъикос менамояд, аҳамияти муҳим дорад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба асари «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд дода, аз ҷумла таъкид намудаанд: «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рӯйи мизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст».
Дар идомаи ҳамоиш устодони факултети таърих чор марҳилаи таърихи тоҷикон: қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав суханронӣ намуданд. Таъкид шуд, ки дар доираи амри Президенти мамлакат ва низомнонаи Озмун донишҷӯён ва омӯзгорону кормандони Донишгоҳ дар даври донишгоҳӣ 114 нафар, даври ноҳиявӣ 12 нафар, даври шаҳрӣ 9 нафар ва даври ҷумҳуриявӣ 5 нафар иштирок намуданд. Ниҳоят дар даври ҷумҳуриявӣ дар гурӯҳи донишҷӯён се нафар ба ҷойҳои ифтихорӣ ва донишҷӯи курси 4-уми факултаи таърих Давлатзода Шоира ба шоҳҷоиза, сазовор гардидаанд.
Ҳамзамон, аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба ғалибону роҳбарони ин озмуни ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла ғолиби Шоҳҷоиза Шоираи Кароматулло –10 ҳазор сомонӣ, Ҷойи 2-юм - Абдураҳмонова Маҳина - донишҷӯйи курси 3-юм 5 ҳазор сомонӣ, Ҷойи Ифтихорӣ - Холов Мавлуддин 2 ҳазор сомонӣ ва Ифтихорномаву ва туҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантнавӣ супорида шуд.
Ёдрас мешавем, ки ҳамоишро қироати шеърҳо аз ҷониби иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва барномаи рангини ансамбли халқии “Наврӯз”-и донишгоҳ ҷолибу хотирмон гардонид.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ