image

Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ чорабинии дилхушӣ доир гардид

date_range05.12.2023, 09:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye342

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ихтиёриён ва ё ба истилоҳ волонтёрон дар толори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ чорабинии дилхушӣ доир шуд.

Ровии маҳфил, ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик Ҷамшед Ҳалимов бо салому шодбошиҳо ва хайрамақдам гуфтани ҳозирин барномаи фарҳангиро оғоз бахшид. Иштирокчиёни чорабинии фархангӣ наврасон ва волидони онҳо, кормандони Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва аёдаткунандагон буданд. Барои фароғати иштирокдорон ҳунарманди ҷавон Мақсуд Дадаҷонов чашмбандиҳо иҷро кард. Барномаи намоишӣ ба кӯдакону наврасон писанд омад. Баъзе аз иштирокчиён дар ҷараёни чорабинии фарҳангӣ ба саҳна баромада, амалҳои сеҳру чашмбандиро дар ҳамбастагӣ иҷро намуданд.

Пайдо ва нопадид кардани матоъ дар даст, бастани руймол ва кушодани гиреҳ бидуни иҷрояи ягон амал, зинда шудан ва парвоз кардани кабӯтар аз расм ва иҷрои дигар чашмбандиҳо дар ҳунарнамоии Мақсуд Дадаҷонов табъу руҳи ахли толорро болида кард.

Дар идомаи маҳфили фраҳангӣ ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов саҳначаи “Харгӯшаки доно”-ро пешкаши тамошобинони хурдсол карданд, ки саропо ифодагари чолокиву зиракӣ ва доноиву хушёрӣ буд.

Дар чараёни чорабинии фарҳангӣ туҳфаҳои омоданамудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯдакону наврасоне, ки дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ табобат мегиранд, тақдим карда шуд.

Умедчон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"