image

Ифтитоҳи хати нави ҳавоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин

date_range06.12.2023, 09:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye377

Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5-уми декабри соли 2023 барои ифтитоҳи хати нави ҳавоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишнома ба имзо расид.

Зимни ҳамоише, ки дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки масъулини Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷика эронавигатсия” ҳайати меҳмонон аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин ва намояндагони дигар сохторҳои марбута баргузор шуд, бештар атрофи таҳкими ҳамкориҳо дар самти авиатсияи гражданӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Таъкид гардид, ки Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таҳкими ҳамкорӣ аз 17-уми июни соли 2010 барои кушодани хати ҳавоӣ байни ду давлат заминаи ҳуқуқӣ гузошт.

Баҳри ифтитоҳи хатсайри нав пешниҳоди Тоҷикистонро ҷониби шарикони Чин зарурӣ шуморида, нисбати ифтитоҳи хати нав таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Нишастҳои судманд ва дӯстонаи роҳбарияти Олии ҳар ду кишвар самар оварда, масъалаҳои муҳим оид ба кушодани хатҳои нави ҳавоӣ ва таъмини соҳа бо таҷҳизоти ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, ки дар рушди соҳа ва иқтисодиёти кишвар нақши калидӣ доранд, ҷоннок гардид.

Ҳозирини зимни суханронӣ иброз намуданд, ки бо иқдоми бевоситаи ҷониби Тоҷикистон вобаста ба ин масъала ва мувофиқа бо Бюрои ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи апрели соли ҷорӣ ҳайати роҳбарикунандаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулини Авиатсияи граждании Чин гуфтушунид баргузор намуд, ки дар он марҳилаи ниҳоии раванди ба имзо расидани Созишномаи мазкур тақвият ёфт.

Метавон гуфт, ки ҳамаи ин тадбирҳо самараи нек ба бор овард ва бо гузашти муҳлати начандон тӯлонӣ ин санади муҳими ҳамкорӣ аз ҷониби намояндагони масъули ҳарду ҷониб ба имзо расонида шуд.

Дар доираи ин тадбир аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” барои ифтитоҳи хати нави ҳавоӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра система ва таҷҳизоти зарурии соҳа харидорӣ ва насб гардид, ки онро метавон қадами нек барои ба ҳадаф расидан арзёбӣ намуд. Мавриди зикр аст, ки масъулину кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати торафт самарабахш сохтани натиҷаҳои фаъолият пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ месозанд. Дар ин замина ифтитоҳи хатсайри нави ҳавоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз дастоварди назаррас дар ин самт дониста мешавад, ки ба густариши робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ миёни ҳарду кишвар мусоидати бештар хоҳад кард.

Қиёмиддин Ҳомидов
"ТВ Душанбе"