Баргузории мизи мудаввар оид ба пешбурди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шарикон оид ба рушд мизи мудаввар оид ба пешбурди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт, ки дар он коршинсону мутахассисони дохилию хориҷӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бахшида ба 75-солагии Эъломияи ҳуқуқи башар, 30-солагии ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занон ва Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шарикони рушд оид ба пешбурди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гашт. Дар кори он коршиносону мутахассисони дохилию хориҷӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Мавриди ёдоварист, ки ҳамасола 10 декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Мақсади таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон- ин ба ҷомеа ва ҳар фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар фард мебошад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд мунтазам ин санади асосии ҳуқуқи инсониятро ҳифз ва дастуру нишондодҳояшро бе чуну чаро татбиқ намуда, ҳуқуқи инсонро ҳамчун самти асосии арзишноки рушди ҷомеа арзёбӣ намояд, - изҳор гашт дар ҷараёни мизи мудаввар.
Ҳамзамон дар идома дигар масъулин низ схуанронӣ намуда, аз ҷумла зикр доштанд, ки ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар минбари озодиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳамин аст, ки Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар қатори аввалин давлатҳои аъзои СММ соли 1993 Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонд, ки соли равон ба қабули он 30 сол пур мешавад.
Ба иттилои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи нишондиҳандаҳои синн яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрӯз беш аз 41,4 фоизи сокинони мамлакатро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ