Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе шинонидани гулҳои мавсимӣ ҷараён дорад
Душанбе чун макони сарсабзу хуррам дар хориҷи кишвар ба номи шаҳри гулҳо шинохта шудааст. Ин шаҳри зебову назарраборо ободу озода нигоҳ доштан ва аз ин ҳам беҳтару бештар гулзору сарсабз намудан аз ҳар яки мо масъулият ва заҳмати зиёде мехоҳад. Бо ин мақсад дар 4 фасл тадбирҳои ободонӣ роҳандозӣ мегардад. Ҳоло дар ҳудуди шаҳр шинонидани гули лола идома дорад.
Бо мақсади истиқбол аз ташабусҳои бунёдкоронаи роҳбарияти шаҳри Душанбе ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти кишвар корҳои ободонию сабзкорӣ низ аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ бо маром ҷараён доранд. Тадбирҳои ободонӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ карда мешавад. Гули лола дар кӯчаву хиёбон ва гулгаштҳои ноҳияи Шоҳмансур бо композитсияҳои хос ва тарҳои ҷолиб шинонида мешаванд. Аз ин рӯ гулпарварон ба ин паҳлуи фаъолият диққати махсус равона намудаанд. Дар доираи корҳои ободониву хуррамгардонӣ ҳоло дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр кормандони сохторҳои коммуналӣ тадбирҳои бунёдкориро ба роҳ мондаанд, ки мақсади он таъмини тозагии кӯчаҳо ва зебоии шаҳр мебошад.
Дар ин замина кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҳамарӯза бо риояи тадбирҳои агротехникӣ ба шинонидани гулҳои мавсимӣ машғуланд.
Тавре иттилоъ дода шуд, парвариши ин гулҳо ба шароит ва иқлими минтақа мутобиқ буда, аз ҷониби мутахассисон бо риояи қоидаҳои хоси гулпарварӣ шинонида мешаванд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ