image

Ҷараёни озмуни шаҳрии “Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ” дар соли 2023

date_range31.08.2023, 11:59 chat_bubble_outline0 remove_red_eye292

Дар ҳудуди шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии “Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ” дар соли 2023 ҷараён дорад. Мақсади баргузории озмуни мазкур, ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи маорифи пойтахт дар самти тарғибу ташвиқ намудани корҳои созандагӣ, ободонӣ, сабзкорӣ ва бо гулу буттаҳо ороиш додани муҳити муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе мебошад. Дар рӯзи дуюми ҷараёни озмун, намояндагони сохторҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо вусъати корҳои ободонию хуррамгардонии муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Сино шинос шуданд.

Дар рӯзи дуюми ҷараёни озмуни шаҳрии “Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ” дар соли 2023 ҳайати комиссия аз шуъбаи ободонии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ва МД “Телевизиони Душанбе” нахуст аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 ноҳияи Сино дидан карданд. Коллективи ин муассисаи таълимӣ бо мақсади ширкати фаъол дар озмуни шаҳрии “Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ” корҳои ободониро вусъат бахшиданд. Ба пешвози соли нави хониш бошад, таъмири пурра дар мактаби №56 пурра ба анҷом расонида шуда, имрӯз дар ҳудуди муассисаи мазкур корҳои хуррамгардонӣ идома дорад. Майдони сабзкории ин муассисаи таълимӣ нисбат ба дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бештар аст. Ба Гурӯҳи корӣ иттилоъ дода шуд, ки низоми обрасонӣ ва равшанидиҳии ин муассисаи таълимӣ на танҳо дар сатҳи лозимӣ аст, балки бартарӣ дорад. Дар қитъаи муайяншудаи ҳудуди мактаб 5 ҳазор бех қаламчаи гули садбарг шинонида шудааст. Қаламчаҳоро худи омӯзгорон нигоҳубин ва парвариш карда, баъдан ҳар кадоми онро дар канори роҳравҳо ва саҳни мактаб мешинонанд. Батартиб даровардани дарахтон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 ноҳияи Сино беҳбудиро талаб мекунад.

Ҳайати комиссия дар кӯчаи Раҳмон Набиев 138 аз муассисаи томактабии №63 ноҳияи Фирдавсӣ дидан карданд. Парвариш ва нигоҳубини дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз дар ин ҷо дар сатҳи лозимӣ ба роҳ монда шудааст. Майдони сабзкорӣ ва хуррамгардонии кӯдакистони 63 агарчӣ нисбат ба майдони майсазори дигар муассисаҳои таълимӣ камтар аст, вале муҳити атрофи бо гулу дарахтони ҳамешасабз оро дода шудаву, саҳни ҳавлӣ ва роҳравҳои он пурра сафолакпӯш карда шудааст.

Тозагиву озодагии Кӯдакистони рақами 112 - “Маҷнунбед” намунавӣ ва боиси таҳсин буд. Тамоми роҳравҳо сафолакпӯш гардидаву, дарахтон батартиб дароварда шудааст. Дар ин муассисаи томактабӣ 45 дарахти мевадиҳанди олу, 65 арчаи калон, 1500 адад арчаҳои хурд мавҷуданд, ки нигоҳубини он хуб ба роҳ монда шудааст. Ба ҳайати комиссия иттилоъ дода шуд, ки дар мавсими ниҳолшинонӣ дар Кӯдакистони “Маҷнунбед” 2 ҳазор гулҳои мавсимӣ шинониданд. Гулу дарахтони ҳамешасабз ва сафолакпӯш будани саҳни ҳавлӣ ва роҳравҳо дар масоҳати 700 метри квадратӣ ҳусни ин муассисаро бамаротиб дилкаш кардааст. Ширхоргоҳ кӯдакистони 112 бо низоми равшанигардонӣ муҷаҳҳаз буда, рангу бор ва таъмири ҷории бинои ба таври лозимӣ ба роҳ монда шудааст. Имсол дар ин муассисаи томактабӣ низоми барқтаъминкунӣ ҳам нав карда шуд.

Дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии №28 ноҳияи Фирдавсӣ корҳои таъмири ҷорӣ анҷом дода шудааст. Гулҳои садбарг ва буттаҳои ороишиву ҳамешасабз саҳн ва роҳравҳои атрофи мактабро оро додааст. Рангу бори бино ва тозагии гирду атроф дар сатҳи лозимӣ қарор дошт. Намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар ҳайати комиссия ба маъмурияти ин муассисаи таълимӣ тавсия дод, ки майдони дарахтонро ба тартиб дароранд. Зеро ин ҷо дарахтон болои ҳам қарор гирифтаанд ва қатори ниҳолу буттаҳо ба таври лозимӣ ва бо як дизайни диққатҷаблкунанда нест. Дарахтони ороишии сиренаи ҳиндӣ дар дохили ин дарахтон умуман ноаён аст.

Дар Кӯдакистони №72 ноҳияи Фирдавсӣ кормандон машғули гулшинонӣ буданд. Онҳо гулҳои мавсимӣ мешинонданд. Саҳн ва даромадгохи муассиса тозаув озода ва ободу шукуфон буд. Бино аз таъмири ҷорӣ бароварда шудаву дарахтон сарсабз буданд. Ба Гурӯҳи корӣ маълумот доданд, ки дар мавсим дар ин муассисаи томактабӣ 1600 дона гулҳои мавсимӣ шинонданд, ки ҳусни гирду атрофро бамаротиб зебо гардонид. Ҳолати тозагӣ дар муассисаи томактабӣ қаноатбахш арзёбӣ гардид. Дар ин муассиса таъминот аз ҳисоби буҷет буда, сармояи соҳибкорони ватанӣ ҷалб карда нашудааст.

Дар Ширхоргоҳ кӯдакистони №1 315 нафар кӯдакон ба тълимоти томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Ин муассиса майдони кабудизоркунӣ зиёд дорад. Ҳолати экологӣ ва тозагии ҳудуди муассиса ҳам дар сатҳи лозимӣ аст. Аммо мушкил ин ҷо об аст. Об ин ҷо дар соатҳои муайян меояд ва бо ин сабаб имкони парвариши гулу бутта ва дарахтон камтар аст. Дарахтони ин муассисаи томактабӣ ба батартибдарорӣ зарурат доранд. Дар Ширхоргоҳ кӯдакистони №1, 5 адад дарахтони мевадиҳанда, 20 дарахти ҳамешасабз мавҷуд аст ва дар ин мавсим ҷамъи кормандон ҳазор адад гули мавсимӣ шинониданд. Парвариши қаламчаҳои садбарг дар ҳудуди муассиса ва нав кардани панҷараҳои марзӣ аз ҷумлаи дигари корҳои ободонӣ дар муассисаи томактабӣ мебошад.

Озмуни шаҳрии “Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ” дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи маорифи пойтахт дар самти тарғибу ташвиқ намудани корҳои созандагӣ, ободонӣ, сабзкорӣ ва бо гулу буттаҳо ороиш додани муҳити муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе доир гардид. Озмуни мазкур дар арафаи соли таҳсил ҷамъбаст ва ғолибону иштирокчиёни фаъоли он аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо диплом ва туҳфаҳои моливу моддӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"