image

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДОИМИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range07.12.2023, 11:59 chat_bubble_outline0 remove_red_eye235
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30-юми майи соли 2023, №301 “Дар бораи гузаронидани амалиёти Кӯкнор-2023” имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Ситоди шаҳрӣ оид ба роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият барои гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2023”, бо иштироки аъзоёни Ситоди шаҳрӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар кори ситод Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди коррупсия, Роҳбари Ситод Раҳмон Дилшод Сафарбек ва дигар аъзоён роҷеъ ба ошкору нобуд кардани растаниҳои нашъаовари худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, тақвият бахшидан ба муборизаи зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, роҳу василаҳои пешгирии истифодаи маводи нашъаовар, ҳамкорӣ намудан бо ҳама мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ҷиҳати решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб изҳори андеша намуданд.
Бо назардошти ҳисоботи котиби Ситод Сафарбеки Ҳукумалӣ ва баромаду суханрониҳо Ситоди шаҳрӣ қарор намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва бомароми қарори Раиси шаҳри Душанбе 30-юми майи соли 2023, №301 “Дар бораи гузаронидани амалиёти Кӯкнор-2023” тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда равона гардида, кӯшишу заҳмати ҳамаҷониба роҳандозӣ карда шавад.
Бо дарназардошти баромаду пешниҳодҳои аъзоёни Комиссия ва даъватшудагон, Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва мубориза бар зидди коррупсия қарорҳои дахлдор қабул намуд.