image

Ҳамоиши Комиссияи кор бо занон ва оилаи назди кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ

date_range07.12.2023, 13:42 chat_bubble_outline0 remove_red_eye220

Бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти Комиссияи кор бо занон ва оилаи назди Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар соли 2023 ва муайян намудани вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, маҷлиси Комиссияи кор бо занон ва оилаи назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур дар доираи таҷлили 29-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ роҳандозӣ шудааст.

Дар ҷаласаи Комиссияи кор бо занон ва оилаи назди кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ иштирокдорон аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар шаҳри Душанбе ва фаъолзанони Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни чорабинӣ қайд гардид, ки фаъолияти ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои бунёди давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст.

Ҳамзамон қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд.

Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"