АТЛАС ВА АДРАСБОФӢ БА ФЕҲРИСТИ ЮНЕСКО ВОРИД ШУД!
4 декабри соли 2023 дар Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана Ҷаласаи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ба кори худ оғоз кард.
Дар ҷаласа дар қатори масъалаҳои зиёди дигар инчунин баррасии номинатсияҳои унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ сурат гирифт.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа 3 ҳуҷҷатҳои номинатсия барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод шудаанд. Инҳо “Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли матоъҳои атласу адрас”, ки ҳамчун номинатсияи миллӣ танҳо аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гаштааст; номинатсияҳои “Ҷашни Сада” (муштарак бо ҶИ Эрон) ва “Тазҳиб санъати зарҳалкорӣ” (муштарак кишварҳои Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Ӯзбекистон) мебошанд.
Рӯзи 5 –уми декабр зимни ҷаласа номинатсияи “Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли матоъҳои атласу адрас” бо гирифтани кулли овозҳои ҳайати комиссия расман дар Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабт шуда, «Анъанаи бофтани атласу адрас» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башар ворид гардид.
Ин дастоварди фарҳангӣ ба ҳамаи тоҷикону Тоҷикистониён муборак бод!
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ