image

«ТАЗҲИБ– САНЪАТИ ЗАРҲАЛКОРӢ» БА ФЕҲРИСТИ МЕРОСИ ҒАЙРИМОДДИИ ЮНЕСКО ВОРИД ШУД

date_range07.12.2023, 14:39 chat_bubble_outline0 remove_red_eye340
Иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Касанеи Африқои ҷанубӣ идома дошта, зимни ин ҷаласа «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид, ки ба сурати муштарак миёни 5 кишвар Тоҷикистон, Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Ӯзбекистон таҳия шудааст.
Пешниҳоди номинатсияи “Тазҳиб - санъати зарҳалкорӣ” аз ҷониби Тоҷикистон ба бархе аз вижагиҳои ҳунари тазҳиб ва ривоҷи он таъсиргузор буда, далели он аст, ки ин ҳунари қадима дар кишвари мо собиқаи тӯлонӣ дорад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ниёгони мо тазҳибро, дар қадим зарандуд, зарнигорӣ зарҳалкорӣ ё худ тиллокорӣ низ меномиданд. Далели ин номгузорӣ истифодаи маҳлулҳои тилло барои тарроҳии нақшҳо буд.
Ворид шудани ҳунари волои зарҳалкорӣ, ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият муборак бошад!