image

Чорабинии ҷамъбастии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Фирдавсӣ

date_range07.12.2023, 15:37 chat_bubble_outline0 remove_red_eye301

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ин навбат мизбони баргузории чорабинии ҷамъбастӣ ё худ ҳамон плениуми 3-уми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия буд.

Дар ҳамоиши навбатӣ намояндагони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе ва 4 ноҳияи он, инчунин аъзои фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Фирдавсӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаву муассисаҳои ҳудуди ноҳия фаъолона ширтак намуданд.

Зимни баромади раиси Шӯро доир ба дастоварду пешравиҳои соли охир дар ҳудуди ноҳия андешаронӣ сурат гирифт. Таъкид рафт, ки дар замини корҳои созандагӣ даҳо муассисаву корхонаҳои нав бо таъиси ҷойҳои нави корӣ бунёд шудаанд, ки барои беҳтар гардидани сатҳи иҷтимоии сокинон замина гузоштаанд.

Аз рӯйи рӯзномаи ҷаласа мавзӯҳои пешниҳодшуда бо баромаду маърӯзаҳо ва баҳсу мубоҳисаҳои сонзанда баррасӣ гардида, хулосаҳои муҳим қабул гардид. Зимни чорабинӣ таъкид шуд, ки дар асоси нақшачорабиниҳои мавҷуда пайваста дар ташкилотҳои ибтидоии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Фирдавсӣ маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ гузаронидашуда, масъалаҳои ба миёнгузошташуда ҳаллу фасл мегарданд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"