Дар ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ маҷлиси тантанавӣ доир шуд
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷрояиия ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва аъзоёни фаъоли ҳизб маҷлиси тантанавӣ доир намуданд.
Чорабинии навбатиро, ки бахшида ба таъсисёбии ҲХДТ бо ибтикори роҳбарият ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ доир карда шуд, роҳбарияти ҳизби ноҳия ифтитоҳ намуда қайд карданд, ки “Аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҳадафи калидии он хизмати содиқона ба халқу Ватан мебошад, бисту нуҳ сол сипарӣ мешавад. Обрӯ, мавқеъ ва нуфузи ҳар як ҳизби сиёсӣ дар ҷомеа бештар ба барномаҳои он вобаста аст”.
Тавассути барномаҳои ҳизбӣ дар бар гирифтани майлу ирода ва хостаҳои мардум боиси пайдо намудани маҳбубияти бештари ҳизб миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа мегардад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фазои сиёсии кишвар собитқадамона фаъолият дошта, чун ҳизби мардумӣ ва ормонӣ тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври арзанда муаррифӣ намояд.
Сипас, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сухан карда вобаста ба таърих ва ҳадафҳои асосии ҲХДТ суханронӣ намуда, зикр намуд, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Тӯли фаъолияти 29 сола Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯйи меъёри бо мардум, миёни мардум ва барои мардум фаъолият намуда, дар ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ, фарҳанг, арзишҳои суннатӣ, ташаккули давлатдории навини тоҷикон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми арзишманде гузошт”.
Дар фарҷом ба як қатор ҷавононе, ки ба узвияти ҲХДТ пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.
Чорабинии зебои фарҳангӣ, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ роҳандозӣ гардида буд идомабахши чорабинии навбатӣ гардид.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ