image

«Ҳамкории минтақавӣ-ҳамчун омили таҳкими инфрасохтори молиявӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои сармоя» - дар шаҳри Душанбе форуми молиявӣ баргузор шуд

date_range08.12.2023, 10:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye474

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарии Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби шарикони рушд дар шаҳри Душанбе форуми молиявӣ зери унвони «Ҳамкории минтақавӣ-ҳамчун омили таҳкими инфрасохтори молиявӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои сармоя» баргузор шуд. Форум аз ҷониби Асотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон дар сатҳи баланди омодагӣ созмон дода шуд.

Дар кори форум роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, вазортау идораи бахши иқтисодии кишвар, шарикони рушд, ташкилоти молиявӣ, асотсиатсияҳои соҳибкорон, бонкҳо ва ташкилотҳои хурди молиявӣ, ширкатҳои суғуртавӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ оғоз гардид. Номбруда доир ба нақши ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои ҷамъиятӣ дар самти дастрасии молиявӣ ва беҳтрасозии низоми ин бахш дар кишвар андешаронӣ намуд.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии форуми «Ҳамкории минтақавӣ-ҳамчун омили таҳкими инфрасохтори молиявӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои сармоя» инчунин намояндагони сохторҳои молиявии хориҷии дар кишвари мо фаъолияткунанда ва шарикони рушд, ки бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Асотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд ва дар татбиқи лоиҳахои молиявӣ саҳм мегузоранд, фаъолона иштирок намуда, доир ба мавзӯҳои мавриди назар баромад намуданд.

Дар раванди кори форум ҳамзамон созишномаи ҳамкории васеъ оид ба дастгирии рушди бахши молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни шарикони рушд ва ташкилотҳои дахлдор ба имзо расонида шуд. Дар ин бахш ҳамзамон нишони хотиравию ифтихорномаҳо ба ҷонибҳо супорида шуд.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"