Дар Академияи идоракунии давлатӣ машварати илмӣ-назариявии «Нақши андоз дар рушди иқтисоди миллӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ» доир шуд
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи идоракунии молияи давлатӣ машварати илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи молиячиён таҳти унвони «Нақши андоз дар рушди иқтисоди миллӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ» баргузор гардид.
Дар кори машварати илмӣ-назариявӣ ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, мудири кафедраи идоракунии молияи давлатӣ, ва устодони кафедраву донишҷӯён иштирок намуданд.
Қайд шуд, ки воқеан ҳам молияи давлатӣ дар раванди фаъолияти иқтисодию иҷтимоии мамлакат ширкат варзида, дар рушди устувори он нақши арзандаеро касб кардааст. Мусаллам аст, ки тибқи муқаррарорти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатӣ” мафҳуми молияи давлатӣ - маҷмуи муносибатҳои пулӣ вобаста ба ташаккул, тақсим ва истифодаи фондҳои ҷамъшудаи воситаҳои пулӣ ва дигар захираҳои молиявӣ тавассути буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва фондҳои мақсадноки давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо вогузоргардида истифода бурда мешаванд, баён гардидааст.
Дар идомаи чорабинӣ зикр шуд, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар низоми молияи давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ, ба меъёрҳои муосир мутобиқ намудани идораи он, таъмини шаффофият ва истифодаи самарабахши захираҳои молиявӣ, ташкили он мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ ислоҳоти мукаммал гузаронда шудаанд.
Зимни чорабинӣ дар мавзӯи “Нақши молияи давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият”, “Нақши андоз дар рушди иқтисоди миллӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ” баррасӣ шуд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ