Маҷлиси тантанавии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино
10-уми декабри соли равон, аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 29 сол пур мегардад. Ин рӯз барои кулли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб санаи таърихист. Бахшида ба ин санаи муҳим дар толори Маркази тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Зимни чорабинии навбатӣ иштирокдорон баромад намуда, ҳозиринро ба 29-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ табрику таҳният гуфта, қайд карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фазои сиёсии кишвар собитқадамона фаъолият дошта, чун ҳизби мардумӣ ва ормонӣ тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври арзанда муаррифӣ намояд. ҲХДТ ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад. Натиҷаи чунин сиёсати созандаи ҳизб аст, ки намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи он мебинанд ва онро ҷонибдорӣ мекунанд.
Дар идома иштирокдорон иброз намуданд, ки ҲХДТ ҳамчун нерӯи пешбари ҷомеа мардумро ба ободониву созандагии Ватан, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва ҳифзу таҳкими бузургтарин дастовардҳои таърихи навини халқамон-истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ раҳнамоиву сафарбар менамоянд.
Боиси қайд аст, ки дар маҷлиси тантанавӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ аъзо ва фаъолони ҳизб иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ