image

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд

date_range08.12.2023, 15:36 chat_bubble_outline0 remove_red_eye395

8 декабр дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори маҷлис аъзои Раёсат ва Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, роҳбарони якчанд сохтору идораҳои дахлдор, кормандони масъули Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, роҳбарони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҳизбӣ ва аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар маҷлис мутобиқи рӯзномаи он вазифаҳои ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардонидани ташаббусҳои Пешвои миллат баҳри густариши эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни суханронӣ Раиси муаззами ҳизб таъкид намуданд, ки ҳалли вазифаҳои таъмини истиқлоли комили давлат, таҳкиму тавсеа бахшидани он имрӯз аз бисёр ҷиҳат ба эҳсоси ватандӯстии умумимиллӣ ва муттаҳидии тамоми қувваҳои ҷамъият вобаста аст.

Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки дар ҷамоъомади муҳимми ҳизбӣ ин масъалаҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, зеро таҳлилу натиҷагирӣ аз корҳои иҷрогардида ва дарёфти самтҳои мушаххаси фаъолияти минбаъда имкон медиҳад, ки кори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахусус дар шароити имрӯзаи мамлакат, минтақа ва ҷаҳон ба таври устувор ба роҳ монда шавад, иброз доштанд Сарвари давлат.

Таъкид гардид, ки давоми чанд соли охир хусусияти низоъҳои сиёсӣ комилан тағйир ёфта, дар тамоми ҷаҳон ангезаи силсилаи таҳдидҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, техногенӣ ва табиӣ авҷ гирифт.

Мушкилоти глобалии афзоишёбии захираҳои аслиҳаи қатли ом, терроризми байналмилалӣ, низоъ ва хушунатҳои ба таври сунъӣ ташкилшуда, афзоиши нодорӣ ва бекорӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд, вайроншавии муҳити зист ва танқисӣ аз оби ошомиданӣ, ҳаракати теъдоди зиёди паноҳандагон, истеҳсол ва интиқоли маводи мухаддир ба таҳдиди фарогири ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Пешвои миллат изҳор доштанд, ки бинобар ин, моро зарур аст, то ба ҳамаи ин рӯйдоду воқеаҳо баҳои муносиб ва воқеъбинонаи сиёсӣ диҳем ва дар ин ҳолат аз манфиатҳои миллию давлатии худ ҳимоя намоем.

Раиси муаззами ҳизб иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии сокинони Тоҷикистон нақши муассир дошта, дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум саҳми сазовор мегузорад.

Имрӯз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба неруи тавонои сиёсӣ табдил ёфтааст. Дар сафҳои он беш аз 540 ҳазор нафар аъзо дар 7 ҳазор ташкилоти ҳизбӣ муттаҳид гардидаанд.

Мардуми шарафманди мамлакат ба ғояҳои созандаи ҳизб эътимоди қавӣ доранд, зеро он дар сафи пеши созандагию бунёдкорӣ ва ташаббускориҳо қарор дорад, ки ба ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст.

Ба таъкиди Раиси муаззами ҳизб, вазифаҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди ҷомеа ва давлат дар барномаҳои пешазинтихоботии он ва қарорҳои анҷуманҳо, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро то соли 2027 дар бар мегиранд, мушаххас гардидаанд.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид гардид, ки Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва тамоми сохторҳои ҳизбӣ фаъолиятро дар самтҳои густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус наврасону ҷавонон вусъат бахшанд. Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои миллӣ, санаҳои таърихӣ ва бузургдошти чеҳраҳои барҷастаи халқамонро ба фаъолияти доимии ташкилоти ҳизбӣ табдил дода, арҷгузориву эҳтиром ба забони давлатӣ, риояи тозагӣ ва мусоидат ба рушди он, тарғиби донистани забонҳои дигар, махсусан забонҳои русӣ ва англисиро ҷоннок намоянд.

Дар идомаи маҷлис аз ҷониби Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ барои давраи сипаришуда ва вазифаҳо барои оянда мушаххас гардиданд.

Ба кумитаҳои иҷроияи ҳизб дастур дода шуд, ки вобаста ба масъалаҳои баррасишуда фаъолияти худро бо истифодаи васеъ аз усулҳои иттилоотонӣ ва пешгирикунанда дар муқовимат бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз таъсири омилҳои номатлуб вусъат дода, масъалаҳои марбут ба ҷавононро дар доираи фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан” пайваста таҳкиму тавсеа бахшанд.
Ҳамзамон ҳамаи ташкилоти ҳизбӣ вазифадор гардиданд, ки корҳои таблиғотиву ташвиқотиро дар самти амалигардонии ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вусъат бахшида, дар татбиқи қонунҳои миллӣ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳравандон” тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Баъд аз суханронии Раиси муаззами ҳизб аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ- Ҳусниябону Раҷабзода — раиси ноҳияи Мурғоб, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иброҳим Мирзозода — раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Номвар Қурбонов — муовини директори Институти масъалаҳои об, энергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Шукрона Тоҳирӣ — донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, Фаррух Ҳасанов — ғолиби Озмуни телевизионӣ миёни сарояндагон дар Федератсияи Русия, Сайдулло Абдулаҳадзода — муовини якуми раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Неругоҳи барқи обии Роғун”, Солеҳа Холмаҳмадзода — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зарина Идизода — раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар музокира баромад намуданд.

Аз рӯйи масъалаи муҳокимагардида қарори маҷлис қабул шуд.

Дар ҷамъбасти кори Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳизб дар шароити имрӯзаи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, ки бо мардуми ватандӯсти он бо қадамҳои устувор ва дилу нияти неку ояндадор ба сӯи пешрафту шукуфоӣ ҳаракат менамоянд, тамоми роҳбарону масъулини ҳизбро зарур аст, ки барои тавсеа ва тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва амният, волоияти қонун, муборизаи беамон бар зидди коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини рушди устувори мамлакат бо истифодаи васеъ аз дастовардҳои илмию технологии муосир тамоми қувва ва маҳорату истеъдоди аъзояшонро сафарбар намоянд.