Ифтитоҳи корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфӣ дар шаҳри Душанбе
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Қурбон Раҳимов 31-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дигар масъулин дар заминаи собиқ Фабрикаи тамокубарории шаҳри Душанбе корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфӣ ба истифода дода шуд.
Зимни шиносоӣ бо имконияти истеҳсолии корхона иттилоъ дода шуд, корхонаи мазкур асосан ба коркарди қоғаз ва истеҳсоли рӯзномаю маҷалла машғул мебошад. Корхона бо хатти муосири истеҳсолӣ, ки сифати маҳсулотро ҳамаҷониба таъмин менамояд ва аз рӯи стандартҳои ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза фаъолият менамояд, таъмин гардидааст. Корхонаи нави истеҳсолии коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дар доираи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат заминаи мусоидро фароҳам месозад.
Тавре, ки иттилоъ дода шуд, дар оянда иқтидори истеҳсолии корхона зиёд карда шуда, дар баробари рӯзномаю маҷалла корхона ба омода намудани дафтарҳои мактабӣ, шиору овезаҳо ва дигар лавозимоти полиграфӣ машғул хоҳад шуд. Айни замон дар корхона 18 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар оянда бо зиёд гаштани иқтидори истеҳсолии корхона шумораи коргарон то 50 нафар расонида мешавад.
Рушди соҳаи саноат, баланд гардидани иқтидори истеҳсолӣ, таъмин намудани сокинони мамлакат бо ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина кам намудани сатҳи камбизотӣ аз масъалаҳои асосӣ ба шумор рафта, пайваста зери таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ҳамзамон дар доираи табдирҳои созандагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ давоми солҳои охир шаҳри Душанбе симои худро ба кули дигаргун сохтааст.
Дар ин замина шахсони алоҳида ва соҳибкорони ватандӯст низ дар корҳои созандагӣ саҳмгузор мебошанд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ