Дар МТМУ №8 ба номи Бозор Собир маҳфили адабиву фарҳангии “Ҳамешабаҳор” баргузор гардид
Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба китоб ва китобхонаҳо дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ба номи Бозор Собири ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба хотири баланд бардоштани фарҳангу маърифати кӯдакону наврасон, хонандагони муассиса ва ҷавонон маҳфили адабии «Ҳамешабаҳор» бо роҳбарии шоири ширинкалом, узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрандеш баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур, ки зиёда аз 2 соат идома кард, беш аз 200 нафар устодону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ба номи Бозор Собир фаъолона иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ роҳбарияти муассиса изҳор доштанд, ки дар баробари дигар маҳифлу озмунҳо маҳфили Ҳамешабаҳор низ имрӯзҳо тавонистааст, кӯдакону наврасонро китобдӯсту китобхон намояд. Баъдан маҳфили адабии «Ҳамешабаҳор»-ро шоир Хайрандаш оғоз намуда, дар маҳфили мазкур, ки аз ҳафт равзана (Афрӯза, Афроза, Афшина, Афшона, Андеша, Ангора ва Ангеза) иборат буд, хонандагон фаъолона иштирок варзиданд.
Маврид ба зикр аст, ки хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ба номи Бозор Собири ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолона иштирок намуда, соҳиби дастовардҳои зиёд гардидаанд. Аз ҷумла соли равон дар даври ниҳоии озмун хонандаи синфи 10-уми муассисаи мазкур Шукрона Саидализода аз рӯи номинатсияи «Эҷоди назм» сазовори ҷойи аввал гардид.
Иштирокчиён аз ин маҳфили ҷаззобу хотирмон ба худ таассуроти нек бардошта, зикр карданд, ки баргузории чунин маҳфилҳои адабӣ барои баланд бардоштани фарҳангу маърифат ва ҳуввияти миллии насли наврасу ҷавон манфиатбахш мебошад. Дар маҳфил дӯстдорони каломи ноб, ҳаводорони шеъру адаб ва дигар алоқамандон ҳузур доштанд.
Валиҷон Шарифзода
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ