image

Баргузории машварат вобаста ба фаъолияти барномаи электронии «eDonish» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range11.12.2023, 14:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye498

Аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и (Smart City) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2022-2023 дар 105 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе бо фарогирии 203 ҳазору 444 хонанда барномаи электронии «eDonish» фаъол гардонида шудааст. Тариқи он барои хонандагон қариб 17 миллион баҳогузорӣ ва барои волидайн қариб 162 ҳазор саҳифа (аккаунт) амал мекунад. Вобаста ба фаъолияти ин барнома дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ миёни роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва маъмурони барнома дар мактабҳо машварат доир гашт.

Бо мақсади беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти барномаи иттилоотии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе –«eDonish», дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори Маркази таҳлилӣ - иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе машварати якҷояи директорони муассисаҳои таълимӣ, муовини директор ва маъмурони барномаи eDonish ташкил ва баргузор гардид. Дар кори машварат намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе роҳбарияти шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» оид ба барномаи электронии eDonish иштирок доштанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар рафти машварат фаъолияти директорон ва муовини директорон оид ба корҳои таълимӣ ҷиҳати татбиқи барномаи мазкур мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд. Гуфта шуд, ки барномаи «eDonish» хизматрасонии электронӣ мебошад, ки тавассути он волидони хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандони худ бо истифода аз воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосир ва гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд. Ин барнома ҳамчунин шомили унсурҳои мухталифи иттилоотӣ, аз ҷумла журнал ва рӯзномаи электронӣ, ҷадвали дарсҳои асосӣ ва иловагӣ, назорати давомоти хонандагон ва мониторинги сатҳи дониши онҳо мебошад.

Барномаи мобилии «eDonish»-ро дар телефонҳои «android» ва «ios» зиёда аз 22 000 нафар боргирӣ намудаанд. Ҳамзамон барои 161 855 волидайн саҳифа (аккаунт) кушода шуда, аз моҳи сентябри соли 2022 то имрӯз 12 ҳазор волидайн аз барнома фаъолона истифода мебаранд. Шумораи паёмакҳои фиристода ба телефони ҳамроҳи волидон дар марҳилаи дуюм ба 80 000 адад баробар гашт. Дар чоряки дуюм нисбат ба чоряки якум 2 миллиону 322 ҳазору 521 баҳо ё худ 52,7% бештар баҳо гузошта шуд. Баъд аз гузаронидани таҳлили дуюм ва мушаххас намудани камбудиҳои ҳамаи муассисаҳо фаъолнокии истифодаи барнома 2,4 маротиба афзудааст - иттилоъ доданд масъулини Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» зимни машварат.

Иштирокчиён қайд намуданд, ки барои мисол агар хонанда каме дертар ба мактаб ҳозир шавад, ба телефони волидайн зуд паёмак меравад. Дигар ин ки барнома имкон медиҳад, ки хонандагон дар руҳияи хислатҳои неки инсонӣ тарбия ёбанд. Яъне онҳо дурӯғ гуфта наметавонанд ва масъулиятшинос мешаванд. Тавассути ин барнома волидайн ҳамеша огоҳ мегарданд, ки фарзанди онҳо дар кадом дарс фаъол буд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"