Дар шаҳри Душанбе даври ноҳиявии Олимпиадаи Шоҳмот ва Spelling bee баргузор гардид
Бо мақсади рушди шоҳмот дар байни ҷавонону наврасон дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар кишвар айни замон даври ноҳиявии Мусобиқаи ҷумҳуриявии Шоҳмот миёни ҷавонону наврасон идома дорад. Ба ин хотир дар Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо ташаббуси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври ноҳиявии мусобиқа миёни хонандагон ҷараён гирифт, ки дар он муҳассилини тамоми муассисаҳои ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Ҳамзамон дар толори Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе мусобиқаи Spelling bee миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва литсейю гимназияҳои ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ сурат гирифт.
Олимпиадаи мазкур ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Вазоарти маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир шуда, мақсад аз он баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши забони англисӣ ва дарёфти хонандагони болаёқат мебошад.
Дар Мактаби байналмилалии Душанбе низ аз ҷониби Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур олимпиадаи шоҳмот ва Spelling bee гузаронида шуд. Дар олимпиада наздик ба 200 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейю гимназияҳои ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ширкат намуданд.
Spelling bee аз рӯи қоидаи мусобиқаи кӯдакона гирифта шуда, мусобиқаи ҳарф ба ҳарф талафуз кардани калима мебошад. Ин навъи мусобиқа дар ИМА пайдо шудааст.
Дар Тоҷикистон мусобиқаи Speeling bee шуруъ аз соли 2021 ҳамасола гузаронида мешавад. Ин мусобиқа ҳатман бо назардошти қонуну қоидаҳои забони англисӣ, ки таърихан қабул шудааст баргузор мегардад. Мазмуни таърихии калимаи bee (аслан «занбур») буда, «машваратест, ки бо мақсади омӯзиш баргузор мегардад». Ин навъи мусобиқа кӯдаконро барои ғанӣ гардонидани луғатомӯзиашон кӯмак мерасонад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ