«Мо насли созандаву бунёдкор» - бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ мизи мудаввар доир шуд
Дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 29-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Мо насли созандаву бунёдкор» баргузор гардид.
Мизи мудаввар таҳти унвони «Мо насли созандаву бунёдкор» бо иштироки намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, роҳбарият, устодони ҷавон ва донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва аъзои намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» баргузор гардид.
Зимни баромади иштирокчиён гуфта шуд, ки ҲХДТ, ки зодаи тафаккури Пешвои муаззами Миллат аст ва бо назардошти афкору андешаҳои табақаҳову гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа таъсис ёфта тавонист, ки дар марҳилаи хеле кӯтоҳи таърихи ҳамчун ҳизби меҳварӣ орзуву ормонҳои мардумро дар худ таҷассум кунад ва ба ҳизби умумихалқӣ табдил ёбад. Зимни баромади роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ш.Душанбе қайд гардид, ки ҲХДТ ҳамчун созмони боэътимоди сиёсии мардумӣ таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кӯшиш ба харҷ дода, ҳадафи асосиаш низ ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи неки кишвар аст.
Инчунин гуфта шуд, ки баъди ба Истиқлоли давлатӣ соҳиб шудани мамлакат собит намуд, ки Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи фарҳанг, ҳамчун таҷассуми симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳад.
Дар охири чорабинӣ ҷиҳати ҳавасманд намудани ғолибон ва як қатор устодон барои иштироки фаъолона дар озмуни шаҳрии Расми беҳтарин ва иншои беҳтарин тахти унвони «ҲХДТ-ҳизби созанда бахшида ба 29-солагии таъсисёбии ҲХДТ» бо Сипоснома, Диплом ва туҳфаҳои КИ ҲХДТ дар ш.Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ