image

Ба Тоҷикистон анбӯҳи ҳавои сард ворид мешавад

date_range12.12.2023, 11:49 chat_bubble_outline0 remove_red_eye336

Дар огоҳиномаи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки рӯзҳои 12 ва 13-уми декабри соли равон бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сард ба ҷумҳурӣ дар бештари ноҳияҳои водию доманакуҳӣ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯйӣ мешавад.

Рӯзи 12-уми дар бештари манотиқи ҷумҳурӣ боришот ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳӣ боришоти бошиддат пешгӯйӣ мешавад. Рӯзҳои 12 ва 14-уми декабр дар бештари навоҳии водию доманакӯҳӣ ва ағбаҳо тормеғ фаромада дурии биниш дар вилояти Суғд ва ағбаҳо то 50 метр мерасад. Рӯзҳои 12 ва 13-уми декабр дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии вилояти Суғд ва роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ сар задани зуҳуроти тарма, инчунин дар ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон сар задани зуҳуроти селӣ аз эҳтимол дур нест.

Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд, ки дар қисми зиёди водиҳо рӯзи 13-уми декабр боришот қатъ мегардад. 14-уми декабр ҳаво дар ҷумҳурӣ асосан бебориш пешгӯйи мешавад. Аммо рӯзи 15-уми декабр бо ҳаракат кардани мавҷи навбатии силконҳо боиси ба амал омадани боришот дар як қатор ноҳияҳо пешгӯйӣ мешавад. 15-уми декабр дар водиҳо борон ва дар минтақаҳои қӯҳӣ барф меборад. Бо вуҷуди боришот ва сардшавии ҳарорати дар рӯзҳои алоҳида, мутахассисони Агентӣ фасли зимистонро гарм пешгӯйӣ мекунанд. Боришот дар ҳадди меъёр хоҳад буд.

Моҳи декабр дар ҳудуди шаҳри Душанбе борони шиддатнок анқариб пешгӯйӣ карда намешавад. Вале эҳтимоли боридани барфти тар вуҷуд дорад.

Дар робита ба ворид шудани анбӯҳи ҳавои сард ба ҷумҳурӣ мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки ҷиҳати пешгирӣ аз сӯхтор аз истифодаи дастгоҳҳои худсохти барқӣ барои гарм кардани хонаҳо худдорӣ намуда, ҳангоми вазиши шамоли сахт зери дарахтон ва симчӯбҳои барқ паноҳ нагиранд. Ба соҳибони воситаҳои нақлиёт тавсия дода мешавад, ки чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз намуда, фосилаи байни мошинҳо ва ҳамаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"