Дар кӯдакистони №17 даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Ҷаҳондонӣ аз забондонист» доир шуд
Бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроиия ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Шуъбаи маорифи ноҳия дар Кӯдакистони рақами 17-и ноҳия даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Ҷаҳондонӣ аз забондонист» баргузор гардид.
Зимни озмун масъулин изҳор доштанд, ки Озмуни шаҳрии «Ҷаҳондонӣ аз забондонист» байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе мутобиқ ба Қонунуи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ва Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз соли 2023 шӯруъ шуда, минбаъд ҳамасола баргузор карда мешавад. Дар даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Ҷаҳондонӣ аз забондонист» 34 нафар тарбиятгирандагон аз 17 муассисаи таҳсилоти томакатбии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ширкат намуданд.
Озмуни мазкур бо мақсади ташаккули малакаҳои фаъолияти маърифатӣ, истифодаи бошууронаи калимаву ибораҳои омӯхташуда ва истифода намудани онҳо дар муошират, рушди нутқи муколамавии кӯдакон ва мукаммал гардонидани малакаи ҳикоя кардану фаъолияти эҷодии онҳо бо забони тоҷикӣ ва забонҳои русиву англисӣ, омода намудани кӯдакони синни томактабӣ ба таълим дар зинаи аввали таҳсилоти умумӣ ва ташаккули малакаҳои оддии фаъолияти таълимӣ дар кӯдакони синни томактабӣ дар азхудкунии забонҳои давлатӣ ва русиву англисӣ гузаронида мешавад.
Дар озмун кӯдакони гурӯҳи калон ва гурӯхи омодагӣ ба мактаби муассисаҳои таълимии томактабӣ (5-7 сола) новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеъият иштирок карда метавонанд. Озмун асосан бо забони тоҷикӣ сурат гирифта, маҳорату малакаи довталабон дар истифодаи бошууронаи калимаву ибораҳо бо 3 забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) дар муошират, маҳорати бурро, фаҳмо, ифоданок нутқ кардан дар баёни фикр малакаи нақл кардан бо забони тоҷикӣ ва забонҳои русиву англисӣ арзёби қарад мешавад.
Маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯи талаботи; қироати шеър ва аз ёд донистани чистон, тезгӯяк ва ҳикояҳо бо се забон(забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), бо се забон номбар кардани калимаҳо аз рӯи расмҳои пешниҳодшуда, кор бо матн (нақли мазмуни афсонаву ҳикоя бозабонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз рӯи расми пешниҳодшуда) ва аз 7 калима сохтани ҷумла ва идома додани ҷумсласозӣ (бо истифодаи муродифу мутазод) санҷида мешавад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ