image

Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024

date_range13.12.2023, 10:24 chat_bubble_outline0 remove_red_eye327

Дар Маҷлисгоҳи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Усмоналӣ Усмонзода, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2023 №125 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» баргузор гардид, ки дар он омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023 – 2024 дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2023 таҳти №125 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» таҳти роҳбарии Усмоналӣ Усмонзода, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ шуд.

Ҷаласа бо иштироки роҳбарони сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ доир гардид ва дар он омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023 – 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ашӯрбой Солеҳзода, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ аз рафти иҷрои қарори мазкур, анҷом додани сафари корӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023 – 2024 ба ҳолати 15-уми ноябри соли 2023 ҳисобот пешниҳод намуд.

Зимни гузаронидани мониторинг мушаххас гардид, ки оид ба омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар муассисаҳои шаҳри Душанбе, аз қабили соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсатҳои матлубот, шабакаҳои барқӣ ва гармидиҳӣ камбудиҳо ҷой доранд. Ситоди ҷумҳуриявӣ доир ба мавҷудияти мушкилот ба Ҳукумати ҷумҳурӣ гузоришҳои дахлдор пешниҳод кардааст.

Дар рафти ҷаласа муовини раиси шаҳри Душанбе, Сиҷоуддин Саломзода таъкид намуд, ки оид ба омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе қарори раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расид ва то 01-уми декабри соли 2023 маҳсулоти ниёзи аввал пурра захира карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки РИР-ҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 омода ҳастанд. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе мувофиқи нақша бояд 3200 иншоот ба қабули гармӣ омода карда мешуданд. То имрӯз 3146 иншоот пурра гармӣ мегиранд, ки иҷроиши он ба 98 дарсаи нақша баробар аст.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои таъминоти гармӣ ба иншооти истиқоматию маъмурӣ, ҷамъоварии маблағи гармӣ ва барқ мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар фарҷом Роҳбари Ситоди ҷумҳуриявӣ, муовини сарвазири мамлакат, Усмоналӣ Усмонзода ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он вобаста ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 супоришҳои мушаххас дода шуд.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"