image

Вохӯрии намояндагони филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо табибон

date_range13.12.2023, 11:12 chat_bubble_outline0 remove_red_eye260

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, бо мақсади таҳкиму тақвияти намояндагиҳои филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар пойтахт ва ба узвият шомил гардонидани кормандон, дар Муассисаи давлатии Маҷмаи тандурустии Истиқлол бо иштироки роҳбарият ва кормандони ин ниҳод вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар чорабиние, ки бо ибтикори филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии Маҷмаи тандурустии Истиқлол бо иштироки роҳбарият ва табибони ин муассисаи табобатӣ доир карда шуд. Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни ҷамомади навабатӣ Сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода ба сухан баромада, иброз доштанд, ки Имрӯзҳо зери таваҷҷуҳу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми беморхона ва марказҳои саломатии шаҳри Душанбе тамоми шароиҳот фароҳам мебошад. Ғамхориҳои Пешвои миллат нисбати табибон алалхусус табибони ҷавонон моро водор месозад, ки дар ҳифзи саломатии ҷомеа бозҳам фаъолиятро ҷонок намоем.

Сипас сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ҳамоиши набатиро идома бахшида, қайд намуд, ки боиси фараҳмандии мо масъулини соҳа аст, ки имрӯз атрофи мавқеву мақоми ҷавонони пойтахт, накши онҳо дар раванди Демократикунонии ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол, арзишҳои ҷомеаи муқаддас ватандӯстиву хештаншиносӣ, андешаронӣ менамоем.

Сипас мавсуф дар идомаи суханронии хеш ба роҳбарият ва кормандони ин муассисаи тандурустӣ талаботҳои Оиннома ва Низомномавии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро фаҳмонид. Ҳамзамон дар Муассисаи давлатии Маҷмаи тандурустии Истиқлол намояндагии филиал таъсис ва раиси намояндагӣ бо ҳамраъйии кормандон таъин карда шуд. Дар ин замина кормандони муассисаи мазкур ба узвияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон пазируфта шуданд.

Дар фарҷом барои хамкориҳои мутақобилан судманд ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳо вобаста ба татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, тақвияти фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар пойтахт ва ба ҳамин васила мусоидат намудан дар самти баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва эҳсоси масъулияти шахрвандӣ ба ба як қатор кормандони Муассисаи давлатии Маҷмаи тандурустии Истиқлол "Сипоснома" ва Ифтихорномаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"