image

Дар Пажуҳишгоҳи рушди маориф бахшида ба 115-солагии Бобоҷон Ғафуров конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд

date_range13.12.2023, 11:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye302

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши «Тоҷикон-и Бобоҷон Ғафуров дар худшиносии миллии ҷавонон» дар толори Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо иштироки намояндагон аз Вазорати маориф ва илми ҶТ, роҳбарият ва кормандони Академияи мазкур ва дигар кормандони соҳаи маориф доир гардид.

Зимни баромади роҳбарияти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон гуфта шуд, ки қисмати илмии «Тоҷикон» бениҳоят бузург аст. Бобоҷон Ғафуров бо ин иқдоми нек ва заҳмати пурбаҳояш на танҳо саҳифаҳои таърихи рангини миллати тоҷик ва мардуми ҳамзабони мо, балки таърих ва роҳи тайкардаи халқҳои узбеку қирғиз ва қазоқу туркманро то андозае ба хонанда ошно сохт. Ин хидмати рустамонаи Бобоҷон Ғафуров шоистаи таҳсин ва офарин аст, зеро осори пурқимати илмиаш чун беҳтарин омӯзгор ба мо ва насли оянда сабақ меомӯзад.

Инчунин зимни баромади дигари иштирокчиён гуфта шуд, ки Китоби «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров аз соли нашр зуд дар доираҳои бонуфузтарин илми ҷаҳонӣ эътироф гашта, ҳамчун як асари барҷаставу бунёдӣ дар илми таърих шинохта шуд. Дар пайравӣ ба ин асари бузург донишмандони зиёде кӯшиданд, ки китобе оид ба таърихи халқи худ биофаранд ва дар ин замина асарҳои фаровоне ба нашр расиданд, вале «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ягонаву беназир боқӣ монд.

Баромадкунандагон дар мавзӯҳои “Проблемаи ориёшиносӣ дар асари Бобоҷон Ғафуров - Тоҷикон, “Тоҷикон”–и Бобоҷон Ғафуров дар худшиносии миллии Маҳмудов Давлатшо, Бозтоби ҳаводиси таърихӣ дар Тоҷикон-и Бобоҷон Ғафуров, “Тоҷикон”- ҳамчун сарчашмаи нодир дар омӯзиш ва тарғиби таъриху фарҳанги миллат” баромад намуданд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"