Ифтитоҳи намоиши ҷашнӣ таҳти унвони “Инъикоси осори аллома Бобоҷон Ғафуров дар Осорхонаи миллӣ”
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров намоиши ҷашнӣ таҳти унвони “Инъикоси осори аллома Бобоҷон Ғафуров дар Осорхонаи миллӣ” ифтитоҳ гардид.
Ба ифтихори 115-солагии бузургдошти фарзанди фарзонаи миллат, ходими намоёни давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Б. Ғафуров намоиши ҷашнӣ бо номи “Инъикоси осори аллома Бобоҷон Ғафуров дар Осорхонаи миллӣ” оғоз гардид, ки дар он олимону муҳаққиқон, академикҳо, устодону донишҷӯёни макотиби олии кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромади худ иштирокдорон зикр намуданд, ки дар ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеч давру замон аз хотири мардум фаромӯш намешавад. Хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик кам нестанд ва онҳо на танҳо ифтихори миллати мо, балки боиси сарафрозии мардуми олам гардидаанд.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ 120 адад экспонат, аз қабили мусаввара, ордену медалҳо, диплому сипономиа, ҷоизаҳо, мукофотҳои давлатӣ, ҳуҷҷату аксҳо ва китобҳо пешниҳод шуданд, ки фаъолияти пурсамари Б. Ғафуров ва саҳми ӯро дар арсаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Инчунин, дар гӯшаи аввали намоиш тавасути аксҳо боздиди Пешвои миллат М. Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Б. Ғафуров пешниҳод шудааст.
Дар гӯшаи дигар тавассути аксҳо рафти иштирок ва суханронии Президенти мамлакат м. Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ, ки ба 115-солагии Б. Ғафуров дар ш. Душанбе доир гардид, пешниҳод гардидааст. Дар қисмати марказии намоиш китоби тозанашри “Тоҷикон” ба маъраз гузошта шудааст, ки ба ҳар як оилаи мамлакат бо супориши Сарвари давлат тӯҳфа гардидааст.
Намоиши мазкур аҳамияти таърихиву тарбиявӣ дошта, аз фаъолият ва дастовардҳои пурсамари академик Б. Ғафуров қисса менамояд. Намоиш “Инъикоси осори аллома Б. Ғафуров дар Осорхонаи миллӣ” то 05.01.2024 идома хоҳад ёфт.
М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ