Баргузории аввалин Форуми таҳсилоти касбии “Тоҷикистон - Чин” дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи техникии Точикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Форуми якуми Точикистону Чин оид ба таҳсилоти техникӣ баргузор гардид.
Дар кори кори Форум муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон, ректори донишгоҳ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки дар доираи баргузории Форуми мазкур бо мақсади пайванди илм ва истеҳсолот, татбиқи таҳсилоти дуалӣ ва ба роҳ монии дарсҳои озмоишӣ-амалӣ, филиали Маркази амалӣ ва таҷрибавии Лубани Донишгохи техникии Точикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар Маркази барқу гармидиҳии рақами 2-и шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи касбӣ техникии идораи сохтмони шаҳрии Тянҷини Чин бунёд гардидааст.
Коргохи Лубан бренди машҳури байналмилалии мубодилаи фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Мардуми Чин ва кишварҳои хориҷӣ буда, аз маҷмуи марказҳои таълими амалии ихтисосҳои муҳандисӣ иборат мебошад, ки он дар беш аз 20 кишварҳо - Осиё, Аврупо, Африқо ва Канада бунёд карда шудааст. Коргоҳи мазкур дар Ҷумхурии Тоҷикистон аввалин иншооти тарҳи зерин дар Осиёи Марказӣ ба хисоб рафта, ба татбиқи лоиҳаи мазкур таваҷҷӯҳи Роҳбарияти Олии ҳарду кишвар назаррас мебошад. Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин аз 2 марказҳои таълимӣ амалии муҳандиси иборат мебошад. “Маркази таълими амалии геодезия ва картографияи интеллектуалӣ” ва “Маркази омӯзиши амалии энергияи сабз”.
Ҳадафи маркази таълимии амалии энергияи сабз, ин пешбарии истифодаи захираҳои энергетикии аз чиҳати экологӣ тоза ва омода намудани мутахассисони соҳибихтисос барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муҳандисию техникӣ зарурӣ, ва таъмини некуаҳволии аҳолӣ, аз қабили газугармитаъмикунӣ ва обтаъминкунию обихроҷӣ мебошад.
Мардонов Қандил
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ