image

Мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ҷамъбаст гардид

date_range13.12.2023, 15:07 chat_bubble_outline0 remove_red_eye255

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мудати як ҳафта мешавад, ки мусобиқаи футболи хурд миёни аъзои кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ноҳияи Сино барои дарёфти Ҷоми КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино доир гардид. Инак дар вазъияти тантанавӣ маросими ҷамъбасти мусобиқаи мазкур бо иштироки варзишгарон ва аъзоёни фаъоли ҳизб доир карда шуд.

Муддати 5 рӯз мешавад, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд миёни аъзои кумитаву тазшкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ноҳияи Сино барои дарёфти Ҷоми КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синоро роҳандозӣ намуда буд, ки дар вазъияти тантанавӣ ҷамъбаст гардид. Дар мусобиқаи мазкур 18 даста аз ҳама сохторҳои ҳудуди ноҳия иштирок намуда барои мақомҳои ифтихорӣ байни ҳам мубориза бурданд.

Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оммавигардонии варзиш ва самаранок истифода бурдани иншоотҳои варзишӣ дониста мешавад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон варзишро ҳамчун яке аз омилҳои муассири тарбия ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ эътироф намуда, варзишгаронро, ки бо иштироки фаъолона соҳиби ҷоизаҳои арзанда дар сатҳи байналмилаӣ мегарданд, дастгирӣ ва барои ҷалби сармояи иловагӣ бо мақсади бунёди толору майдончаҳои варзишӣ талош мекунад.

Сипас баъд аз бозии дӯстона ва хулосабарории ҳайати доварон муайян гардид, ки дар байни 18 дастаи иштирокчӣ дастаи ташкилоти ибтидоии “Парчамбардорон”-и Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум, кумитаи иҷроияи ибтидоии “Ворисони Сино”-и МД Маркази табобатии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов сазовори ҷойи дую ва ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи муҳити зист”-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бозӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дар фарҷоми мусобиқа ба иштирокчиёни фаъол ва ғолибон сипоснома, диплом, медал ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳи Синои шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"