image

Вохӯрӣ оид ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов

date_range14.12.2023, 10:26 chat_bubble_outline0 remove_red_eye236

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе зери унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон - омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ" мулоқот доир гардид.

Мулоқоти мазкур баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” баргузор шуда, дар он муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, намояндаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ карданд.

Қобили тазаккур аст, ки таҳкими раванди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар қарор дошта, Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи мазкур ибрози назар менамоянд.

Ҳамзамон дар идома қайд шуд, ки 24 декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» имзо гузоштанд. Қонуни мазкур барои тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва ҷаҳду талошҳо баҳри фардои боз ҳам ободу дурахшони кишвар ва некуаҳволии рӯзафзуни халқ таҳия ва қабул шудааст.

Ҳамзамон дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо ибтикори роҳбарити ин муассисаи таълими муддатӣ як моҳ миёни донишҷӯдухтарон ва ҷавонон мусобиқаҳои гуногун аз қабили волейбол, футбол ва дигар намудҳои варзиш гузаронида шуда буд, ки дар вазъияти тантанавӣ ғолибон бо ифтихорнома, сипоснома ва ҷом қадрдонӣ шуданд.

Инчунин роҳбарият ва устодону донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат баҳри ҳамкориҳои судманд дар соҳаи ҷавонон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"